Директори Боғ номзади илмҳои биологӣ Г.Хӯҷамова мебошад. Боғ соли 1940 таъсис дода шудааст ва асосгузор ва директори дойимии он то соли 1965 доктори илмҳои биологӣ, профессор А.В.Гурский буд, ки имрӯз Боғ номи ӯро дорад. Дар рушду нумӯи Боғи набототи Помир саҳми академик О.А.Акназаров хеле калон аст. Ба сифати директорони Боғ дар солҳои гуногун ҳамчунин М.П.Запрягаев, М.Шакармамадов, номзади илмҳои кишоварзӣ С.Х.Хайлоев, номзади илмҳои биологӣ Н.Миралибеков, доктори илмҳои биологӣ Д.Наврӯзшоев, номзади илмҳои биологӣ С.М.Мӯсоев, номзади илмҳои бологӣ Г.Хуҷамова кор кардаанд.Дар марҳилаи ҳозира сарварии боғро н.и.б. К.Одилбеков ба зимма дорад.Аз рӯзҳои аввали таъсиси Институти биологии Помир то соли 1981 роҳбарии илмии Боғи ботаникиро академик Х.Ю.Юсуфбеков ба зимма дошт.
Директори Боғи набототи Помир, номзади илмҳои биологӣ
К.Одилбеков
Гулгашти Боғи ботаникӣ
Самтҳои асосии таҳқиқот - интродуксия ва акклиматизатсияи растаниҳо, кабудизоргардонии шаҳру деҳаҳо, тайёр кардани маводи шинондании растаниҳои гулдори ороишӣ, муайян кардани соҳа ва захираҳои ашёи хоми растаниҳои табобатӣ мебошад.
Боғи набототи Помир ба сифати лабораторияи табиӣ баҳри омӯзиши фаъолияти ҳаётии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ таъсис дода шудааст. Он муассисаи махсусгардонидашудаи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-маърифатӣ буда, баҳри захира намудани генофонди растаниҳои гуногуни маҳалӣ ва аз ҷойҳои дигар овардашуда, омӯзиши дақиқи хусусиятҳои экологию биологии онҳо, истифодаи пурсамари навъҳои пурқиммати онҳо дар кабудзоркунӣ, хоҷагии кишлоқ, саноати хӯрокворӣ ва тиб хизмат мерасонад.
Боғи наботот ҳамчун музеи зиндаи ба худ хоси табиати Помир буда, дар он намояндагони асосии олами набототи ин кишвари кӯҳсор гирд оварда шуда омӯхта мешаванд.
Боғи набототи Помир дар байни боғҳои набототи тамоми дунё мавқеи махсус дорад. Вай ҳамчунин манбаи тухмии набототи баландкӯҳ таваҷҷӯҳи боғҳои мамолики дигарро ба худ ҷалб менамояд. Боғ ҳар сол 200 намунаи тухмӣ аз минтақаҳои гуногуни дунё дастрас менамуд. Мубодилаи тухмӣ бо 25 суроғаи муассисаҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қариб 40 суроғаи мамлакатҳои хориҷа ба амал бароварда мешавад.
Боғи наботот дар ниҳолхонаҳо ва коллексияи наботот зиёда аз 30 ҳазор намуду шакл ва навъи растаниҳоро аз омӯзиш гузаронид.
Дар ҳудуди Боғи наботот осорхонаи «Табиати Помир» ташкил дода шудааст. Дар он зиёда аз 800 нигора гирд оварда шудаанд, ки шароитҳои табиати Помир, намояндагони асосии олами набототу ҳайвоноти онро шарҳ медиҳанд.
Хазинаи растаниҳои Боғ қариб аз 4000 намуду навъҳо иборат аст, ки онҳо дар коллексияҳои наботот ва растаниҳои маҳаллии ҳудуди мамнӯнгоҳ мавҷуданд. Дар коллексияҳо қариб 3000 намуд, шаклу, навъи дарахту буттаҳо ва алафҳо гирд оварда шудаанд.
Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Коллексияи растаниҳои Боғ ар рӯйи принсипи ҷуғрофӣ тартиб дода шудааст. Дар он растаниҳои Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ҳимолой ва Ҳиндукуш, Аврупо, Қриму Кавказ ва Амрикои Шимолӣ мавҷуданд.
Дар солҳои охир коллексияи растаниҳои сӯзанбарг то 80 намуд, растаниҳои паҳнбарг - то 180 намуд пурра карда шуд..
Парваришгоҳи Боғ Ба шинонидан омода намудани гулҳо
Коллексияи Боғ дар 40 соли охир се маротиба афзун гардид. Нишон дода шудааст, ки омилҳои экологӣ ба афзоиш ва рушди ҷинсҳои дарахтӣ дар шароити Помир таъсири назаррас мерасонанд.
. Нишон дода шудааст, ки 85%-и ҳамаи дарахтон ва буттаҳои дар Боғ сабзанда ба гурӯҳи ояндадор барои озмоиши минбаъдаи интродуксӣ, 5% ба гурӯҳи камояндадор ва танҳо 10% ба гурӯҳи беоянда мансубанд.
Гӯшае аз Боғи ботаникӣ Буттаҳои меваовари ангат дар коллексияи Боғ
Ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб гардидани ҷумҳурӣ ба фаъолияти Боғи ботаникӣ таъсири амиқ расонад. Новобаста ба мушкилоти мавҷуда имконият фароҳам омад, ки на танҳо коллексияи нодири Боғ ҳифз карда шуд, балки он аз ҳисоби намудҳои нав пурра гардонида мешавад.
Коллексияи растаниҳои гулдори ороишӣ бо 50 намуд ва навъҳои нав пурра карда шуд. Барои кабудизоркунии ш.Хоруғ ва маҳаллҳои аҳолинишини Помири Ғарбӣ 10 намуди растаниҳои гулдори ороишии яксола: патуни, оташгули Друманд, заиния мекскои, гули хандон ва ғайра, ки бо давомнокии даври гулкунӣ ва устуворӣ нисбат ба хушксолӣ фарқ мекунанд.
Ба шинонидан омода намудани гулҳо Интродутсентҳои наъви садбарг дар Боғи ботаникӣ
Дар Боғи ботаникӣ қитъаи намоишии намудҳои нодир ва маҳвшавандаи растаниҳо таъсис дода шудааст, ки дар он 80 намуди растаниҳо парвариш карда мешаванд. Дар коллексияи растаниҳои шифобахш 70 намуди растаниҳои яксола ва бисёрсола ҷамъоварӣ шуда, дар парваришгоҳҳои боғ барои иҷрои корҳои кабудизоркунӣ ҳамасола 7 ҳазор растаниҳои гулдори ороишӣ омода карда мешаванд. Дар гармхонаҳо ва буғхонаҳои Боғи наботот ҳар сол миқдори зиёди кӯчати растаниҳои гулдор тайёр карда мешаванд.
Таҳқиқи набототи шифобахш ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ гузаронида шуда, захираҳои биологӣ ва истифодашавандаи растаниҳои муҳимтарини табобатӣ, доираи сабзиши онҳо муқаррар карда шуданд, таркиби химиявӣ-фармакологии онҳо тавсиф дода шуданд. Таркиби фаъолияти флавоноидҳо, кумаринҳо, витаминҳо ва моддаҳои дигари аз ҷиҳати биологӣ фаъол дар растаниҳои табобатии дар баландиҳои гуногун сабзанда муайян карда шуданд. Муқаррар карда шуд, ки дар ҳудуди ВМКБ захираҳои истеҳсолии хуч-90 тонна, зайтун -15 тонна, чойкаҳак- 15 тонна, ширнбия – 60 тонна, юған – 35 тоннаро ташкил медиҳанд. Онҳо метавонанд барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти хом барои эҳтиёҷоти саноати дорусозии мамлакат асос бошанд. Муайян карда шудааст, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Шуғнон 65 намуд, Ишкошим – 45 намуд ва Рӯшон – 70 намуди растаниҳои табобатӣ месабзад, ки дар тибби халқӣ ба таври васеъ истифода мешаванд.