Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 1969 дар заминаи муассисаҳои илмии мавҷудаи Бахши помирии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  Боғи ботаникии Помир (шаҳри Хоруғ), Пойгоҳи биологии Помир (шаҳраки Чечекти) ва заминагоҳи Ишкошим  таъсис дода шудааст.

  Институт ба ҳайати Шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шомил мебошад. Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии институт инҳо мебошанд: коркарди асосҳои илмӣ ва усулҳои ҳифз ва истифодаи оқилона ва мониторинги ҳолати гуногуншаклии биологии олами набототи Помир, таҳқиқи пӯшаҳои набототӣ ва маҳсулнокии масивҳои чаробонӣ, масъалаҳои генетика, селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва тартиб додани захираи маълумот оид ба генофонди маҳаллии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи онҳо, коркарди асосҳои илмии интродуксия ва ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳо дар шароити баландкӯҳӣ, масъалаҳои физиология ва биохимияи экологии растаниҳо, таҳқиқи ҷанбаҳои физиологию биохимиявии мутобиқгардонии растаниҳо ба омилҳои ғайриоддии баландкӯҳии Помир, таҳқиқи тағйироти ҷаҳонии иқлим ба экосистемаҳои баландкӯҳӣ.

  Маълум аст, ки захираҳои табиии Помир кайҳо тавассути экспедитсияҳои сершумор таҳқиқ шуда, сипас шурӯъ аз солҳои 30-уми асри XX дар гӯшаву канорҳои Помир нахустин статсионарҳо ва пойгоҳҳои дойимоамалкунандаи соҳаи биология пайдо шуданд. Дар лаҳзаи таъсиси Институти биологии Помир илми биология маводи зиёди илмию таҳқиқотиро оид ба азхудкунии растанипарварии ҳудудҳои баландкӯҳи Помири Шарқӣ, оид ба масъалаҳои геоботаника, экология, интродуксия ва селексияи растаниҳо, оид ба таркиби дидашавандаи флора (наботот) ва фауна (ҳайвонот)-и Помир фарогир буд.

  Давраи тоинқилобии таҳқиқоти Помир ба номҳои А.П.Федченко, О.А.Федченко, Н.А.Северсева, Т.А.Мушкетова, Д.Л.Иванова, А.Регеля,  Е.Н. Корженевский ва дигарон алоқаманд аст. Онҳо оид ба захираҳои табиии Помир маълумотҳои нахустинро пешниҳод намуданд. Дар солҳои мухталифи давраи шӯравӣ дар таҳқиқи захираҳои табиии Помир саҳми  Н.И.Вавилов, П.А.Баранов, И.А.Райкова А.В.Гурский ва дигарон бузург аст. Онҳо нахустин статсионарҳо ва пойгоҳҳои соҳаи биология ва кишоварзиро дар Поршнев, Ҷавшангоз, Мурғоб, Ишкошим ва Хоруғ ташкил намуданд. Таҳқиқоти геоботаникӣ ва флористикиро профессор К.В.Станюкович, О.Е.Агаханянс, С.С.Иконников роҳбарӣ намуданд, корҳо оид ба физиологияи экологӣ ва биохимияи растаниҳо таҳти роҳбарии О.В.Заленский ва  Е.К.Кардо-Сысоева гузаронида шуданд,  корҳо оид ба интродуксия ва  акклиматизатсияи растаниҳоро дендролог (дарахтшинос)- машҳур, асосгузори Боғи ботаники Помир, профессор А.В.Гурский, корҳо оид ба беҳтаргардонии чарогоҳҳо ва алафзорони Помирро Х.Ю.Юсуфбеков ваА.Е.Сасенкин гузарониданд.

  Моҳи августи соли 1969 вобаста  ба зарурати баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии дар муассисаҳои илмии минтақаи Помир гузаронидашаванда тамоми заминаи моддию техникӣ, нерӯи илмӣ ва кадрӣ дар Институти биологии Помир муттаҳид карда шуданд. Нахустин директор-ташкилотчии Институти биологии помир академик Х.Ю. Юсуфбеков буд, ки ӯ аз соли 1969 то соли 1981 ин институтро сарварӣ намуд.

 

Академик  Х.Ю.Юсуфбеков Узви вобастаи АМИТ У.Х.Холдоров
Академик О.А.Акназаров д.б.н. Д.Наврузшоев

 

   Дар ташаккул ва рушди таҳқиқоти илмии Институт академикҳои АМИТ Х.Ю.Юсуфбеков, О.А.Ақназаров, аъзои вобастаи АМИТ  У.Холдоров, А.С.Фелалиев, доктори илм К.В.Станюкович, О.Е.Агаханянц, А.А.Коннов, С.М.Маҳмадбеков, Е.К.Кардо-Сысоева, В.А.Михайлов, Ю.С.Корзинников, С.Шомансуров. К.Абдуламонов, Х.Ақназаров. Д.Наврӯзшоев ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд.

  Дар тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисоси Институт академикҳои АМИТ М.Н.Нарзикулов, Ю.С.Носиров, Х.Ҳ.Каримов, узви вобастаи АМИТ В.Р.Камелин, доктори илм К.В.Станюкович, О.Е.Агаханянц, Е.К.Кардо-Сысоева, В.И.Кефели, В.В.Письяукова, В.И.Красноборов, академики Академияи илмҳои Украина П.П.Глеба ва дигарон нақши бузург бозиданд.