Имрӯз дар таърихи 8-уми январи соли 2021, соати 09:00 дар толори раёсати АМИТ Маҷлиси умумии солонаи ин ниҳод барпо шуд. Дар ин ҷаласа аъзои пайваста ва вобастаи АМИТ, директорон ва ҷонишинони директорон, ходимони илмии муассисаҳои илмии зертобеъ ва масъулин аз вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АМИТ дар соли 2020 ва вазифаҳо дар соли 2021 президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ маърӯза намуда, зимни суханронӣ таъкид кард, ки дар соли вазнини 2020 Академияи миллии илмҳо новобаста аз мушкилиҳои баамаломада вазифаҳои ба уҳдадоштаашро иҷро намуд.
Соли 2020 барои илми ватанӣ хотирмон буд. Пас аз вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 18.03.2020 Академияи илмҳо унвони миллиро гирифт ва ин рӯйдод дар таърихи кишвар фаромӯшнашаванда мебошад.
Дар соли 2020 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 102 мавзуъ, аз ҷумла 60 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 20 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 22 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ 2730 кори илмӣ, аз ҷумла 236 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 2494 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 1981 мақола дар маҷал-лаҳои илмии ҷумҳурӣ, 211 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 117 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Дар соли 2020 аз тарафи олимони АМИТ 23 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 30 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар соли 2020 вобаста ба масъалаҳои муҳими илмӣ дар Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 66 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, 3 симпозиуми байналмилалии илмӣ, 11 конференсияи илмии байналмилалӣ, 25 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 2 сессияи илмӣ, 15 семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 3 мизи мудаввар, 2 машварати илмӣ, 2 мулоқот ва 2 курси омӯзишӣ омода ва баргузор карда шуданд.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 29 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷи-кистон аз 1 июни соли 2020, №59 дар назди АМИТ Шӯрои байниидоравӣ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории коронавирус СOVID-19 таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он олимони соҳаи тиб, табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин кимиёдонҳо, биологҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо шоми-ланд. Ҷаласаҳои Шӯро ҳар ҳафта, рӯзи душанбе доир гардида, дар он пешниҳод ва тавсияҳои илмию методӣ оид ба бемории коронавирус СOVID-19 ва роҳҳои пешгирии он қабул ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда мешаванд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ аз 28 феврали соли ҷорӣ ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад, шуруъ намуд ва илова бар ин бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намуд, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Илова ба ин, ионҳои нуқра масъунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонанд ва айни замон аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод карда мешавад. Олимони Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камоли тоҷикон собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масъунияти бадан истифода бурдан мумкин аст. Айни замон олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» як қатор иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер» «Седармон», малҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол»-ро таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, иваз намояд. Ҳамчунин аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад. Ихтирои дигари олимони Академияи миллии илмҳо дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ мебошад. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шудааст ва дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридот-ивазкунанда имконпазир аст. Дар семинари машваратӣ аз олимон, мутахассисони ва ширкатҳои дорусозӣ даъват ба амал оварда шуд, ки неруи худро барои рушди саноати дорусозии ватанӣ равона намуда, ҳамкории муштараки судмандро ба роҳ монанд.
Сипас, муҳокимаи маърӯза ва дар пояи он қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Оид ба Нақшаи кории АМИТ барои соли 2021 академикҳои АМИТ ба мунозира пардохтанд ва аксар пешниҳодоти онҳо истиқбол шуд.
Дар анҷом, барои олимоне, ки давоми соли 2020 дар рушди илм саҳми назаррас доштанд, мукофотҳои давлатӣ тақдим гардиданд.