Директори Институти биологии Помир ба номи академик Х.Юсуфбекови АМИТ Хуҷамзода Гулнора ва сарходими институт Наврузшоев Довудшо дар “Симпозиум оид ба муҳофизати гуногуннамудии биологии набототи Осиёи Марказӣ”, ки аз 16 то 26 октябри соли 2022 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар доираи ҳамкории илмӣ-тадқиқотӣ байни давлати Кореяи Ҷанубӣ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иштирок намуданд. Институти биологии Помир ба номи академик Х. Юсуфбекови АМИТ дар муддати чор соли охир робитаи илмӣ-тадқиқотиро бо Арбаретуми миллии Кореяи Ҷанубӣ ба роҳ мондааст.
Дар симпозиум Меморандум оиди гузарондани корхои илмӣ-тадқиқотии минбаъда байни Институти биологии Помир ба номи академик Х. Юсуфбекови АМИТ ва Арбаретуми миллии Кореяи Ҷанубӣ баста шуд.
Симпозиум барои амалӣ намудани барномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизати гуногуннамудии олами наботот заминаи қавӣ мегузорад.