Тавре, ки медонем бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҳамзамон  идома бахшидани он солҳои 2019-2021-ро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ибтикори Пешвои муаззами миллат асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон заминаи бузурге дар таҳкими соҳаи сайёҳӣ гузошт.

   Туризми байналхалқӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ нақши бориз мебозад. Дар оғози ҳазорсолаи нав, на танҳо рушди туризми байналхалқӣ, инчунин тамоюлҳои нав дар ин соҳа падид омаданд. Оморҳои расмӣ аз рушди туризми байналхалқӣ гувоҳӣ медиҳанд, масалан агар дар соли 1950 шумораи умумии сайёҳон дар ҳудуди ҷаҳон 25 млн нафар ва даромад аз ин соҳа ба 2,1 млрд доллари ИМА ва соли 1987 бошад, тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Туристӣ (ТУТ) ин нишондод ба 363млн нафар ва даромад ба 150 млрд доллар расид. Соли 2000-ум шумораи сайёҳон ба 698 млн нафар ва даромад аз ин соҳа зиёда аз 476 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар робита бо соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, молиявӣ ва дигар соҳаҳо  омили муҳимми рушди иқтисодиёт ва инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ гардид. Айни замон шумораи сайёҳон мефзояд ва соли 2018 шумораи онҳо 1,4млрд нафар ва даромад аз ин соҳа 1,7 трлн долларро ташкил намуд[1].

   Инсон аз макони зисти худ бо ҳадафҳои гуногун ба сайру сайёҳат мебарояд. Масалан, бо мақсади табобат ва барқароркунии саломатии рӯҳию ҷисмонӣ дар осоишгоҳҳо, истироҳат ва сайру гашт дар табиат, тамошои мавзеъҳои ҷолиб, шиносоӣ бо урфу одати миллатҳои мухталиф, иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва ғайраҳо сафар менамояд. Одатан намудҳои туризм аз рӯи мақсади сафари туристон муайян карда мешаванд, ба монанди туризми рекреатсионӣ, туризми корӣ, туризми экологӣ, туризми кӯҳӣ, туризми варзишӣ, ҷаҳонгардӣ, алпинизм ва ғайраҳо.

   Ҳамаи намудҳои туризм аҳаммияти калон дошта, ҳар кадоме дорои хусусиятҳои фоидаовари  худ мебошанд, вале дар байни онҳо туризми кӯҳӣ мавқеи хос дорад. Кӯҳҳо на фақат як қисми аслии табиат, балки макони асосии истироҳату фароғати инсон аз замонҳои дурударози таърихӣ ба ҳисоб мераванд.

   Дар замони муосир номутаносибӣ байни сарфаи неруи зеҳнию ҷисмонии инсон ва барқарорнамоии онҳо мушоҳида карда мешавад. Агар хароҷоти неруи ҷисмониву рӯҳӣ бештар ва шадидтар бошанд ҳам, пас шакли барқароркунии онҳо ҳанӯз васеъ аст. Вобаста ба истироҳати ғайрифаъол, ки дар пайи худ занҷири бемориҳо, аз қабили гипертония, атеросклероз ва дигар бемориҳои дилу рагҳоро боқӣ мемонад, инчунин ба дигар нишондиҳандаҳои ҳаёти инсон – марг, беморшавӣ, рушди сусти ҷисмонӣ таъсир мерасонад. Воситаи асосии муқобили ин бемориҳо ҳаракат кардан, аз ҷумла машғул шудан ба туризми фаъол, ки ба кӯҳҳо рабт доранд, хело ба маврид ва саривақтӣ мебошад [2,89].

   Иқлими кӯҳсор (махсусан дар баландиҳои аз 1000 то 2000 метр) фазо ва омилҳои муҳимми  табобатиро дорост. Дар ин мавзеъ, яъне дар кӯҳсор саломатии инсон барқарор гардида, фаъолияти кори дил ва рагҳои хунгард беҳтар мегардад ва бадани инсон бештар ба муҳит мутобиқ мешавад. Аз ин хотир  дар кӯҳсор вобаста ба захираҳои туристӣ-рекреатсионӣ, осоишгоҳҳо, хонаҳои истироҳатӣ ва курортҳои иқлимӣ месозанд.

   Намудҳои мушаххаси фаъолияти рекреатсионӣ мавҷуд аст, ки ба ғайр аз кӯҳсор дар дигар ҷой амалӣ кардан номумкин аст. Инҳо алпинизм, қаиқронӣ дар дарёҳои кӯҳӣ (рафтинг), пиёдагардӣ (трекинг), шахпаймоӣ (скалолазание), лижаронии кӯҳӣ, велотуризм, туризми ғоргардӣ (спелеотуризм) ва инчунин намудҳои наве, ки  солҳои охир пайдо шудаанд, ба ҳисоб мераванд.

   Кӯҳҳо на танҳо қисми зиёди хушкиро ишғол намудаанд, инчунин қароргоҳи асосии намудҳои туризми кӯҳӣ ба ҳисоб мераванд. Тибқи  маълумоти омории маркази байналмилалии мониторингии ҳифзи муҳит, масоҳати хушкие, ки кӯҳҳо ишғол намудаанд 35,9 млн км2, ё ин ки 24,3%-и тамоми сатҳи Замин ба ҳисоб меравад. Қариб 24% аҳолии сайёра дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд.

Одатан кӯҳҳоро аз рӯи баландии нисбӣ ва мутлақ чунин тавсиф мекунанд:

  • · баланд -баландии нисбиаш зиёда аз 2 км, мутлақ зиёда аз 3 км;
  • · миёна -баландии нисбиаш зиёда аз 0,8-2 км, мутлақ зиёда аз 1-3 км;
  • · паст -баландии нисбиаш зиёда аз 500-800 м, мутлақ то 1000 м; [3].

  Кӯҳҳо ҷойи фароғат ва истироҳат: орографияи (орография-қисми географияи табиӣ, ки релефро меомӯзад) беҳамтои маҳал, зебогӣ ва нотакрории ландшафтҳо, арзиши эстетикӣ, тозагӣ ва шаффофии обу ҳаво, бойгарии асосии табиии кӯҳҳо  ба ҳисоб мераванд. Минтақаҳои кӯҳӣ ҳамасола ҳарчӣ бештар диққати сайёҳону ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб менамоянд. Ин омилҳо боиси рушди намудҳои гуногуни туризм, аз қабили сайёҳат бо мақсади тамошои объектҳои маданию динӣ, туризми тандурустӣ, туризми варзишӣ, туризми экологӣ ва ғайра гардидаанд [4,76].

 Шароитҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ бо гуногунӣ ва тағйирёбандагӣ аз дигар минтақаҳо фарқ мекунанд. Дар ин ҷо қаторкӯҳҳои аз лиҳози ҷариҳо, шакли барҷастагиҳо ва нишебиҳои якхеларо вохӯрдан ғайри имкон аст. Дар  кӯҳистон мавзее нест, ки табиати якхела, ҷойгиршавии якхелаи тарқишҳо, камари кӯҳӣ ва девораҳои сангии ба ҳам монанд дошта бошад. Боришот, шамол ва пасту баланд шудани ҳарорати ҳаво доимо вазъиятро дар кӯҳҳо тағйир медиҳанд. Ҳангоме, ки одам ба кӯҳ мебарояд ба ӯ лозим аст, ки қувваи ҷисмонии худро мадди назар дошта, бо қувваҳои табиат, ки аз неруи ҷисмонии инсон зиёдтар аст  дар мубориза бошад. Инсон он вақт дар ин мубориза ғолиб мегардад, ки ҳатто худро аз кӯҳ ҳам тавонотар гирад. Мисол, кӯҳнавардон  бо таҷрибаи андӯхтаи худ, муҷаҳҳаз будан бо таҷҳизоти зарурӣ, маҳорату тавоноӣ ва доштани иттилоот ва бо ин ҳама васоити пуриқтидори мубориза ҳатман дастболо мешаванд.

  Ҳангоми боришот ва ё яхбандӣ шахҳо ва нишебиҳо бениҳоят лағжонак ва хатарнок мешаванд ва инчунин дар ин раванд ҳодисаҳои сангпарӣ тез-тез  рух медиҳад. Бодҳои шадиди кӯҳӣ, ҳарорати паст, қабати ғафси барф, фаромадани тарма, камари барфӣ он хатарҳои мушаххасе ҳастанд, ки бояд аз ин огоҳ ва эҳтиёт шуд. Тундбодҳои шадид, раъду барқ, ҳарорати пасти ҳаво ва боришоти барф агарчӣ дароз нестанд, лекин шароитро дар кӯҳ сахт тағйир медиҳанд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки дар рӯзҳои соф ва гарми тобистон якбора ҳарорат паст шуда, тундбод ва барф боридааст. Дар байни якчанд соат ғафсии барф шахҳо ва нишебиҳои кӯҳҳоро 10-15см пӯшонида, ҳарорати ҳаво то 0дараҷа паст мешавад. Чунин ивазшавии шадиди вазъи ҳаво ба сармозании узвҳои алоҳида, ё ин ки сармозании умумӣ ва ҳато ба марги нафарони ба чунин ҳолатҳо нотайёр ва сайёҳоне, ки либосҳо ва таҷҳизоти лозима надоранд, оварда мерасонад.

  Кӯҳҳо низ одамонро барои беэътиноӣ намебахшанд, далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои гуногун дар минтақаҳои гуногуни кӯҳӣ ҳолатҳои марговар рух додаанд. Аз рӯи ҳолатҳои нохуше, ки боиси марги кӯҳнавардону сайёҳон гаштааст, дар кӯҳҳои собиқ ИҶШС В. Шимановский тадқиқотҳо гузаронида ва чунин нишондиҳандаҳои омориро оиди ҳолатҳои нохуш тартиб додааст:

Сабаби марг ё ҷароҳатбардории кӯҳнавардон дар собиқ ИҶШС, бо %   

 Ҷадвали 1:

   Сабабҳо

Ҳамагӣ сайёҳон ва кӯҳнавардон

Аз ҷумла, сайёҳон

Ҷаршавӣ аз кӯҳ

    19,1

8,0

Тармафароӣ

    19,0

28,8

Ҷаршавӣ дар шахҳои барфин

    13,4

13,6

 Сангбориш

    6,6

1,6

Сармозанӣ

    6,4

6,4

Сангҳои партофташуда

    5,0

-

Ҷаршавӣ аз яхпораҳо

    5,0

0,4

Афтидан дар тарқишҳо

    4,8

4,0

Бемадорӣ ва беморӣ

    4,4

5,6

Гузариш аз дарёҳои кӯҳӣ

    4,2

12,0

Фурӯғалтии шахҳо

    2,8

-

Сайёҳат дар танҳоӣ

    2,2

5,6

Нобиноии барфӣ

    2,1

5,6

Задани раъду барқ

    1,9

0,8

Ҷаршавӣ аз нишебиҳои алафӣ

    1,1

1.6

Шикастани яхпора

    1,0

0,8

Дигар сабабҳо

    1,0

3,2

Сарчашма: В. Шимановский. Ходить в горах без аварий. - “Ветер странствий”, вып. 5. М., 1970 .

 

 

  Таҳлили ҳолатҳои нохуш нишон медиҳанд, ки талошҳо барои фатҳ намудани қуллаҳои баланд, алпинистони зиёдеро ба ҳалокат мерасонад ва садамаҳои  вазнини табиӣ рух медиҳанд. Ҳамин тавр, соли 1934 ҳангоми фатҳи қуллаи Нанга Парбат (8126 м) тӯдаи бузурги барф экспедитсияи В. Меркалро, ки ҳамагӣ 300 метр масофа то қулла монда буд аз ҳаракат боз дошт ва дар натиҷа аз бемадорӣ ва гуруснагӣ 9 нафарро ба ҳалокат расданд [5].

  Июни соли 1922 аввалин экспедитсияи марговари британӣ бо роҳбарии Ҷорҷ Мэллори ба қуллаи Ҷомолунгма (8848м), ки 7 нафар ба ҳалокат расиданд [6,60].

  Дар таърихи 13 июли соли 1990 дар кӯҳҳои Тоҷикистон аз қуллаи Ленин (7134м) (ҳоло қуллаи Абӯалӣ ибни Сино) пиряхи азиме канда шуда, истгоҳи алпинистии байналмилалии шӯравиро, ки дар баландии 5300 м воқеъ буд, нобуд кард. Дар замони Шӯравӣ ин яке аз фоҷиаҳои бузурги ҳалокатовар  дар таърихи алпинизм, бо шумораи зиёди ҳалокатшудагон ба шумор мерафт. Дар ин фоҷиа 43 нафар ба ҳалокат расиданд, аз ҷумла 27 кӯҳнаварди рус, 23 нафар кӯҳнавард аз клуби кӯҳнавардии Ленинград бо роҳбарии Леонид Трошиненко, ки яке аз кӯҳнаварди пуртаҷрибаи ИҶШС ба ҳисоб мерафт. Инчунин, 6 нафар кӯҳнавардон аз Чехословакия, 3 нафар аз Исроил, 2 нафар аз Шветсария, 1 нафар аз Испания, 1 нафар аз Италия ва 3 нафар аз Олмон низ ба ҳалокат расиданд.

   Дар ин ҳодиса 3 кӯҳнавардон: Алексей Корен, И. Лукин ва В. Балибердин,  Корен ва Лукин бо сабабе, ки хаймаи худро дар паноҳгоҳи харсанге поёнтар аз қароргоҳ монда буданд ва  Владимир Балибердин дар ин вақт дар нуқтаҳои гузаргоҳ маҳҷар (перила) мегузошт ва шабро дар ҳамонҷо гузаронида буд, зинда монданд [7].

  Кӯҳнавардӣ (қуллапаймоӣ) ва туризми кӯҳӣ яке аз намудҳои аз ҳама хавфноки варзиш ба ҳисоб мераванд. Ҳангоми баромадан ба баландӣ масъулияти баландро низ талаб мекунад. Баромадан ба баландӣ ҷараёни бемориҳои пинҳониро метезонад. Инро надониста ва худро фиреб диҳем ва ё тавсияи духтурро нодида гирем, мо на танҳо худро ба хатар мегузорем, балки тамоми гурӯҳро зери хавф қарор медиҳем”[8].

  Инчунин, яке аз мушкилоти дигар дар кӯҳҳо ин мутобиқшавии организми инсон ба шароити баландкӯҳ мебошад. Дар баландии кӯҳ организми инсон таҳти таъсири омилҳои гуногуни табиӣ, аз қабили ҳарорати паст, радиатсияи офтоб, норасоии оксиген, ҳавои хушк қарор мегирад. Ҳолати муҳимтарини мутобиқшавӣ ба кӯҳ ин мутобиқшавии организм ба баландӣ аст, аксар вақт танҳо акклиматизатсия ё мутобиқшавӣ низ меноманд, ки зери ин мафҳум раванди мутобиқшавии организми инсон ва ё ҳайвонотро ба шароити мавҷуда ва фаъолияти фаъолона ҳангоми фишори пасти оксиген дар назар дорад.

  Ҳангоми баромадан ба баландии кӯҳ, ҳамзамон фишори атмосфера низ паст мешавад, қисман фишори оксиген дар атмосферӣ кам мешавад,   маҳкамшавии ҳубобчаҳои нӯги найчаҳои шуш (алвеола) ба амал меояд, инчунин миқдори оксиген дар гемоглобин (98%О2 интиқоли ҳуҷайраҳои хунгард ва танҳо 2% плазма) кам мешавад. Ин метавонад гипоксия (гуруснагии оксигенӣ), яъне ҳолате, ки аз нарасидани оксиген дар организм ва ё вайроншавии раванди оксидшавии биологиро ба вуҷуд орад ва дар натиҷа дараҷаи қаноатмандии гемоглобини инсон бо оксиген паст мешавад ва суръати нафаскашӣ афзоиш меёбад [9].

  Вақте, ки зичии ҳаво паст мешавад, ҳатман  дар он миқдори оксиген  кам шуда, ҳолати «фаромадани шифти оксигенӣ» ба амал меояд. Барои ҳамин бо оксиген қонеъ намудани организм дар баландии кӯҳҳо ғайриқаноатбахш буда, фаъолияти кории организми инсон ба дараҷаи қаноатмандии гемоглобини хун бо оксиген вобастагӣ дорад ва дар ниҳоят организм ба ин ҳолат мутобиқ мешавад. Лекин, чунин ҳодисаҳо дар таърихи алпинизм бениҳоят зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки ҳангоми баромадан ба баландиҳо организми баъзе аз алпинистон ба ин шароит тоб наоварда сабаби марг ва ё бемории онҳо гаштааст. Дар ин ҳолат бояд шахси бемор дарҳол аз баландии кӯҳ ба сатҳи поёнӣ фаровардан зарур аст. Бинобарин пеш аз сафар ба минтақаҳои баландкӯҳӣ ё фатҳи қуллаҳо бояд организми инсон ба ин минтақаҳо мутобиқ карда шавад.

  Масалан, 21 апрели соли 1988 ҳангоми баромадан ба қуллаи Ҷомолунгма (8848м) алпинисти япониягӣ Хидетака Мизукосӣ дар яке аз пойгоҳҳои алпинистӣ аз сактаи дил ба ҳалокат расид.

   23 декабри соли 1988 Анг Лхакпа (Непал) аз суддабанди (тромбоз)-и рагҳои майнаи сар, Карл Хенайз кӯҳнавард аз ИМА 5 октябри соли 1993 дар баландии 6400 м аз бемории варами шуш, 27 майи соли 1994 Майк Рейнбергер  алпинисти австралиягӣ ҳангоми баромадан ба қуллаи Ҷомолунгма  дар баландии 8500 м аз варами мағзи сар, Шри Шах-Клорфайн (Канада) дар баландии 8300 м аз бемадорӣ ба ҳалокат расидаанд [7].

  Чунин нишондиҳандаҳои оморӣ бениҳоят зиёданд, ки алпинистону кӯҳнавардон ҳангоми баромадан ба баландиҳои мухталиф, организмашон тоб наоварда ба марг дучор шудаанд.

Аз рӯи дарки илми муосир баландиҳоро аз ҷиҳати мутобиқшавии организм чунин табақабандӣ намудаанд:

5300-5400м -минтақаи мутобиқшавии пурра-ҳангоми истироҳат ва хӯрокхӯрӣ пурра неруи сарфшудаи шахси солимро барқарор мекунад;

5400-6000м -минтақаи мутобиқшавии нопурра-ҳангоми истироҳат ва хӯрокхӯрӣ неруи сарфшудаи шахси солим пурра барқарор намешавад;

6000-7000м -минтақаи мутобиқшавӣ-организм бо шиддат фаъолият менамояд ва барқарорнамоии пурраи қувваи ҷисмонӣ мушкил бошад ҳам ба  муддати кӯтоҳ имконпазир аст;

7000-7800м-минтақаи қисман ё муваққатан мутобиқшавӣ -организми инсон ба сарф кардани захираҳои худ сар мекунад. Кӯҳнавард метавонад дар ин минтақа то 4-5 рӯз зинда монад;

Зиёда аз 7800 м - «минтақаи марги баландӣ» -дар ин минтақа давоми 2-3 рӯз бе таҷҳизоти оксигенӣ организм лоғар ва бемадор мешавад [10].

  Хулоса, туризми кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ яке аз намудҳои варзиш буда, аз сайёҳону кӯҳнавардон малакаю дониш ва маҳоратро тақозо мекунад. Барои ҳамин пеш аз кӯҳ баромадан касро зарур аст, ки оиди хатарҳо ва таъсири иқлими кӯҳистон ба организми инсон маълумоти заруриро дошта бошад. Қайд кардан зарур аст, ки маҳз дар баландиҳои 4200-4400м аз истироҳати ҳақиқӣ баҳравар  шудан мумкин аст.

Убайдуллоев У.Р., Маҳмадиев Р.С.

Гузоришҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.  Душанбе- «Дониш»  2020, №2 (010)

 

Адабиёт

  1. https://www.e-unwto.org/doi/book/ [Манбаи электронӣ], санаи истифодабарӣ: 21.11.2019.
  2. Физиология человека в условиях высокогорья: Руководство по физиологии. Под ред. Газенко О.Г. - Москва, Наука, 1987.520с.
  3. https://www.google/com/amp/s/www/pnp/ru/amp/social/den-alpinista.  
  4. Мамадризохонов  А.А. “Экотуризм дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон” , Из-во «Торус», Душанбе 2013. 484с.
  5. Шимановский В. Ходить в горах без аварий. - “Ветер странствий”, вып. 5. М. 1970.
  6. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 2019 №10. Қисми 1.
  7. https:// ru.m.wikipedia.org. [Манбаи электронӣ], санаи истифодабарӣ: 21.11.2019.
  8. Этинген Л. "Записки параальпиниста". [Манбаи электронӣ], санаи истифодабарӣ: 12.11.2019.
  9. Борис Маринов. Проблемы безопасности в горах. [Манбаи электронӣ]  (санаи истифодабарӣ: 20.11.2019
  10. Янчевский Олег. Проблемы акклиматизации в горах. Киев 2009.60с. [Манбаи электронӣ], санаи истифодабарӣ: 17.11.2019.
  11.  Какой высоты могут быть горы? (неопр.). Туризм и отдых. Полезные советы туристам. [Манбаи электронӣ], санаи истифодабарӣ: 17.11.2019.
  12. Рындач М.А.   Основы туризма. Учебное пособие/ Рындач М.А.-Москва., Изд-во «Дашков и Ко», 2017.
  13. Лапшин Л.П., Левин М.С. Глава 2. “Из истории мирового альпинизма» Книга 1. Екатеринбург 2004. 120с.
  14.  Владимир Н.Ш. Категория  трудности /Лит. запись Якубзона И. -2-е  изд., доп. - М., Молодая гвардия, 1982. -222с.