Имрӯзҳо намояндагии ВАО бисёр суолгузорӣ мекунанд, ки оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим ҳамсуҳбате зарур шудааст. Бинобар ин, ин ҷо мақолаи се сол пеш нигошташударо дар иншои президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ меорем, ки хеле ба суолҳои пешниҳодшуда мусоидат мекунад:
НАВРӮЗ ВА ОБ – ДУ САРЧАШМАИ ҲАЁТИ БАШАР. АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ ДАР БОРАИ САФАРИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҚАРОРГОҲИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД
«Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худи ҳаёт аст, об — ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем».
Эмомалӣ РАҲМОН
Тавре қаблан хабар додем, 22 март дар бинои СММ, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
«Сафари навбатии Пешвои миллат аз дигар сафарҳояшон ба қароргоҳи бонуфузтарин созмони олам — Созмони Милали Муттаҳид бо он тафовут дошт, ки ба ду санаи муҳимми башарӣ: 1) Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 2) Рӯзи ҷаҳонии об рост омад. Ин ду сана, ки ҳардуро сарчашмаи ҳаёти башар номидан бамаврид аст, ба ҳам робита ва пайванди ногусастанӣ доранд», — навиштааст имрӯз ба АМИТ «Ховар» Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ. Матни пурраи нигоштаи ӯ дар зер оварда мешавад.
Воқеан ҳам, Наврӯз ҷашни кайҳону табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки мавҷудияти худро то замони мо аз даст надод, баръакс дар замони давлатдории миллии мо шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо кард ва бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик ҷашни байналмилалӣ унвон гирифт. Об бошад, дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз вуҷуд доштани об вобастагӣ дорад.
Ҳанӯз ҳазорҳо сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузоштанд ва манбаи асосии ҳаёт будани обро дарк намуда, ба он басо мақоми баланд доданд ва ҳамеша покиза нигоҳ доштани обро таъкид кардаанд. Дар фарҳанги аҷдодии мо — «фарҳанги ҷамшедӣ» ва китоби муқаддаси ниёгонамон — Авесто мақоми об дар зиндагии инсон ва сифатҳои эзадбонуи ориёии масъули об хеле равшан баён гардидааст. Яъне, дар Авесто об ва зиндагии фарҳангӣ ва рушди тамаддуни инсонӣ бо ҳам пайвастагии ногусастанӣ доранд.
Маҳз бо шарофати истиқлолияти комили сиёсӣ ва ба сари қудрат омадани фарзонафарзанде чун Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон дубора эҳё гардида, миллати кӯҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки меҳанро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳ доштанд ва моро дар арсаи банйламилалӣ ҳамчун миллати куҳанбунёду таманддунофар, халқи сулҳ дӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шиносониданд. Аз ҷониби кишварҳои алоҳида ва созмонҳои минтақавию байналхалқӣ ташаббусҳои Тоҷикистон ва Сарвари онро ба хушнудӣ пазируфтанд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба мақоми Сарвари давлат таъин гардиданашон ба таъмини якпорчагии кишвар, бунёдгузорӣ ба ваҳдати комили миллӣ, барқарорсозӣ ва бартарафнамоии харобиҳои пасазҷангӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муаррифии ватани маҳбубу миллати тамаддунофари хеш дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ дода, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳ ои судмандро бо тамоми кишварҳои олам ба роҳ монда, равобити созандаю дӯстиро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш доданд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвар ва роҳ бари ташаббускору пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи самараноки захираҳ ои об эътироф шудаанд, ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст. Дар робита ба ин аз суханони бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан айни муддаост: «Дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтанд. Кишвари мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масоили дохилии кишвар ба мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ диққати махсус дода, онҳоро дар заминаи ақидаҳои мухталифи илмӣ омӯхта, барои ҳаллашон тадбирҳои мушаххас меандешанд. Ду масъалаи ҳалталаб ва мубрами имрӯзаи кураи арз, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, тағйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳ ои обӣ мебошад. Ҳар ду ин масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибро ироа доштанд, ки ин ташаббусҳои оқилона аз ҷониби тамоми мамолики дигари ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд.
Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 — Соли оби тоза эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар заминаи он, дар саросари олам тадбирҳои судманди зиёде амалӣ карда шуданд. Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои муаззами миллат Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳ солаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон дошт. Санаи 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳ ои 2005-2015 — ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард. Азбаски дар тамоми кураи арз беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд асту аз онҳо зиёда аз 170 кишвари мухталифи дунё истифода менамоянд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бодарки муҳимияти масъалаи мазкур, 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ — об» оид ба масоили самаранок истифодабарии об суханронии пурмуҳтаво намуданд. Маҳз ҳамин ташббус ва пешниҳодоти Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Маҷмаи Умумии СММ 20 декабри 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳ амкориҳо дар соҳаи об эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт. Пешвои муҳтарами миллат, Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри ҳалли на танҳо мушкилоти кишвар, балки масоили минтақавию ҷаҳонӣ сафарбар намуда, ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Иқдоми чаҳоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, далели бебаҳси ин гуфтаҳост.
Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ он аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши бағоят амиқ дорад. Маълум аст, ки дар аввали соли 2016 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки чанде аз ин ҳ адафҳо бевосита ба масоили экологӣ иртибот доранд. Ҳамзамон, дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе бо мусоидати СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ дар давоми 15 соли охир беш аз 7 маротиба симпозиум ва конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалии марбут ба об баргузор карда шуданд, ки ҳамаи онҳо фарогири масоили глобалию экологии вобаста ба об буданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта ба суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари ҷумҳурии мост. Имрӯз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Бино ба ҳисобҳои мутахассисон агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, он гоҳ сатҳи об дар рӯи Замин 64 м баланд мешавад, ки ин оғози аз байн рафтани ҳаёт дар як қисмати азими саёраи мост.
Дар асоси пажӯҳиши ҳамаҷонибаи масоили марбут ба иқлим ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1) таъмини кардани мамолики Осиёи Миёна бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналхалқӣ доир ба истифодаи об кӯли Сарез ва 2) Бунёди байналмилалии ҳифзи паряхҳоро пешниҳод намуданд, ки ташаббусҳои мазкур ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ равона шудаанд. Масъалаи таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат буда, 31 август — 4 сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим (Женева) ва 7-8 декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (Копенгаген) пешниҳод гардидааст.
Воқеан, агар бодиққат назар намоем, ба хубӣ дида мешавад, ки кишваре назири Тоҷикистон бо чандин пешниҳодҳои наҷибонаи худ кӯшиши саҳм гузоштан дар ҳаллу фасли проблемаҳои доғи ҷаҳони муосир мекунад, ки инсоният имрӯз бо онҳо рӯбарӯ мебошад. Дар ин миён, боиси зикри хос аст, ки ин ташаббуси нахустини Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набуда, ки боиси дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст ва қаблан низ чандин таклифу пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат мавриди пазироии сокинони сайёра, хусусан созмони муҳташаме, чун Созмони Милали Муттаҳид гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус, Роҳбари он мушкилоти рӯзафзуни сокинони сайёраро ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба хубӣ дарк намуда, ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги оби тоза ва ташаббускори ҳаллу фасли ин гуна проблемаҳои муҳимми инсоният ҳамеша дар ҷаҳду талош буданду мебошанд. Воқеан ҳам, имрӯз кишвари мо таҳти сарварии Пешвои башардӯсту халқпарвари миллат барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ кардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи ҷадиди байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанде қабл аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик ба шумор меравад. Аз ин рӯ, сарвари ҳар кишвари ҷаҳонро зарур аст, ки чун Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии хатарҳои экологӣ дар миқёси сайёра чора ва тадбирҳои аввалиндараҷа андешад.
Тавре зикр намудем, Сарвари давлати тоҷикистониён ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, бо ташаббусҳои наҷибонаи худ, ҳамчун шахсияти фаъол дар тамоми чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об ва ҳифзи муҳити зист иштироку суханрониҳо намуда, бо муҳокимарониву масъалагузориҳояшон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта дар самтҳои зикршуда равона месозанд. Хусусан, Пешвои миллати тоҷик диққати давлату созмонҳои гуногуни хориҷиро ба он мушкилоти минтақавию ҷаҳоние, ки аз норасоии об сар мезананд, равона карда, таъкид менамоянд, ки бартарафсозии саривақтии онҳо боиси беҳтаршавии муносибату робитаҳо миёни кишварҳои гуногуни минтақаҳои ҳассоси дунё мегардад.
Барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор ва хушнудӣ аст, ки Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 маҳз бо ташаббуси бевоситаи давлати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Пешниҳоди мазкур бори нахуст аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Кореяи садо додааст. Дар ин чорабинии муҳим Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раванд ва натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ибрози ақида намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба таваҷҷуҳи бештар дар ҳалли масъалаҳои об ва муҳайё намудани заминаи хуб барои гузариш ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об даъват намуд. Дар робита ба афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар дунё, тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, бемориҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва дигар ҳаводиси марбут Президенти кишвар ҷиҳати тақвият додани дастовардҳои то ба имрӯз ноилшуда ва муҳайё сохтани платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об, эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони ин Форум пазируфта шуда, барои тасвиб ба Маҷмаи Умумии СММ манзур гардид. Тавре маълум аст, қатъномаи мазкур чанде пеш қабул гардид, ки ин аз сиёсати муваффақи Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тавр, тамоми ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои ҳадафҳои мақсаднок барои ҳ алли мушкилоти дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта буда, тамоми башариятро барои мубориза бар муқобили тағйирёбии иқлим ва таъсири ногувори он ба захираҳои обӣ даъват менамоянд. Зеро об ҳамчун неъмати бебаҳо на танҳо барои ошомидан, балки баҳри истифода дар тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ низ муҳим аст. Дар ин росто, соҳаи обёрии кишоварзӣ низ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои минтақа нақши муҳим дорад. Тақрибан 20 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳисоби кишоварзӣ ба даст омада, қариб 70 дарсади аҳолии деҳоти минтақа маҳз дар соҳаҳои марбут ба кишоварзӣ шуғл меварзанд. Бо назардошти гуфтаҳои мазкур ин Даҳсола бо ҷалби таваҷҷуҳи аксари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа метавонад барои кулли кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ судманд ва манфиатовар бошад.
ФАРҲОД РАҲИМӢ
доктори илмҳои физикаю математика,
профессор, академики АМИТ,
Президенти Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон
https://anrt.tj/tj/khabar-o/1641-navr-z-va-ob-du-sarchashmai-ajoti-bashar