Пирях - тӯдаи яхҳои табии рӯйи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳо асосан дар баландкӯҳҳои Помир ва кӯҳистони Ҳисор воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000- то 5300 метр аз сатҳ баҳр ҷой гирифтаанд. Захираи обии пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб обро ташкил дода, дар як сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об ҷорӣ мешавад.
Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Аму, Сир, Панҷ, Зарафшон, ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях дар бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд:
- Муғсу— 1004 адад пирях,
- Бартанг— 269 адад пирях,
- Қизилсу— 280 адад пирях,
- Ғунд— 1349 адад пирях,
- Мурғоб— 879 адад пирях,
- Зарафшон— 1227 адад пирях
- дар ҳавзаи дарёи Хингов— 756 адад пирях мавҷуданд.
Яке аз проблемаҳои асосии ҷаҳони имрӯза дар шароити тағйирёбии иқлим ин босуръат об шудани пиряхҳо дар минтақаҳои Арктика, Антарктида, Гренландия ва камшавии масоҳати пиряхҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти мутахасисони соҳа то имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст. Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%-ро ташкил медиҳад.
Бо мақсади бартараф намудани чунин проблемаҳо рузӣ 22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ карданд. Сарвари давлат иброз намуд, ки танҳо дар 50 соли охир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Тибқи хулосаҳои коршиносон, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Возеҳ аст, ки идомаи ин раванд, бо дарназардошти босуръат зиёд шудани талабот ба истифодаи об дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод, метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад. Аллакай, дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаи таъмини оби тоза ба сари ҳар нафар аҳолӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ 2,5 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад, чор баробар коҳиш ёфтааст. Илова ба ин, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнус гардида, ба ҳаёт ва некуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиравӣ, таҳдид менамояд. Итминони комил дорам, ки талошҳои якҷояи мо дар ин самт самараи дилхоҳ хоҳанд дод ва мо соли 2025 дар Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар ҳаллу фасли ин масъалаи муҳим метавонем таҳаввулоти ҷиддиро амалӣ намоем.
Мо олимони ҷавони соҳаи экологияи Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков аз суханронии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон илҳом гирифта, тамоми донишу малакаи худро баҳри он равона месозем, ки то андозае ҳам бошад дар пайгирӣ ва амалӣ намудани ин иқдом саҳмгузор бошем.