КАРАМХУДОЕВА М.Н. - ХОДИМИ ПЕШБАРИ ИЛМИИ ШӮЪБАИ ГУНОГУННАМУДИИ РАСТАНИҲО ВА ҲАЙВОНОТ, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗӢ
 
         Ҳашаротҳои зараррасони растаниҳои хоҷагии қишлоқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (боғҳои мевадиҳанда, ҷангалзорҳо, зироатҳои ғалладона, сабзавоту картошка, растаниҳои шифобахш) зиёда аз 200 намудро ташкил мекунанд, ки дар байни онҳо аз ҳашароти маканда ширинчаи ноку амруд, себу зардолу, шафтолу, карам, сабзӣ, кадугиҳо, лаблабу, сафедболаки чиликгулон, аз ҳашароти хоянда кирми себ, кӯяи себ, кирми зарриндунболаки туркистонӣ, гамбусаки почакғафси зардолу, шапалакҳои сафеди караму шалғам, кӯяи карам, шапалаки бумчашми карам, кирми тирамоҳӣ, бумчашми хитобшакл, сиёҳ, кирми ѓӯза мунтазам зарар мерасонанд.
То солҳои 90-уми асри гузашта тақрибан тамоми боғҳо, растаниҳои дарахтиву буттагӣ дар давоми сол қисман бо заҳрҳои химиявӣ коркард мешуданд. Дар чунин шароит кирмаки ҳашароти зараррасон мунтазам ба заҳрҳои химиявӣ одат ва устуворӣ пайдо карданд. Ин ҳолат истифода намудани заҳрхимикатҳои таъсирашон бузург ва дорупошии миқдоран зиёдтарро тақозо намуд ва ба устувории намудҳои зараррасон мусоидат карда, тақрибан ба нестшавии намудҳои ҳашароти фоиданок оварда расонид.
        Дар айни замон миқдори ками ҳашароти фоиданок ( магаси тахин, магаси малла (журчалка), гамбусакҳои даранда (момохолакҳо), тиллочашмак, трихограмма, габробракон ва дигар намудҳо) ба кам кардани миқдори ҳашароти зараррасон мусоидат карда наметавонад. Аз ин рӯ дар ҳифзи зироатҳо ва боғҳо аз ҳашароти зараррасон усулҳои омехта: агротехникӣ, биологию микробиологӣ, инчунин химиявӣ истифода бурда мешавад, ки боиси заҳролудшавии муҳити зист ва нест кардани ҳашаротҳои фоиданок мегардад. Бинобар ин дар солҳои охир олимон ба истифода бурдани усулҳои муборизаи биологӣ бар зидди ҳашароти зараррасон бештар диққат медиҳанд.
Маълум аст, ки дар натиҷаи истифодаи дарозмуддати заҳрдоруҳо мидори онҳо дар таркиби хоку обу ҳаво, умуман биосфера хеле зиёд шуд ва ин дар навбати худ ба зиёдшавии касалиҳои хавфноки инсон ва ҳайвонот оварда расонид. Дар чунин ҳолат, олимон бештар ба тадқиқотҳои усули бехатарии муҳофизати растаниҳо - усули биологии муҳофизати растаниҳо аз ҳашароти зараррасон машғул шуда, дар муддати кӯтоҳ ба муваффақияти калон ноил гардиданд.
Зарурати ҷорӣ намудани усулҳои биологии муҳофизати растаниҳои кишоварзии вилоятро ба инобат гирифта, дар Институти биологии Помири АМИТ биолаборатория ташкил карда шуд. Дар он се намуди ҳашароти фоиданок дар таҷҳизотҳои махсуси замонавӣ афзун карда шуда ба боғҳо, кишти сабзавот ва майдони зироатҳои дигар паҳн карда мешаванд. Ин усул дар тӯли фаъолияти Институт бори аввал амалӣ карда мешавад.
Яке аз ҳашароти фоиданоке, ки дар лаборатория афзун карда мешавад ин трихограмма мебошад. Ин намуд тухми худро дар дохили тухми кирми тирамоҳӣ, кирми шапалаки сафеди карам, кирми кураки пахта, кирми шалғам, кирми ҷуворимакка, кирми мевахураки себ, кӯяи себ, кӯяи карам, кӯяи ғалладона ва ѓ., гузошта муфтхурӣ мекунад.
          Дар шароити биолаборатория кӯяи ғалладона, одатан бо тухми ҷав дар ҳарорати 25-30 дараља гармӣ ва 65-70% намноки афзун карда мешавад. Дар чунин шароит инкишофи як насли пурра дар муддати 30 шабонарӯз ба охир мерасад. Одатан аз як сентнери ғалладона то як миллион шапалаки болиғро гирифтан мумкин аст. Тухми ситотрогаро бо трихограмма сироят мекунанд. Дар натиҷа аз як грамм тухми ситоторога баъд аз 5-8 шабонарӯз 60 -70 000 трихограммаи болиғ баромада парвоз мекунад.
         Тухми бо трихограмма сирояткардаро бо коҳи гандумпоя омехта карда, дар вақти ғӯрабандӣ, дар халтачаи селофании даҳонаш кушода ба дарахти себ овезон ва ё дар кишти сабзавот мегузоранд. Аз он ҷо трихограммаи болиғ баромада тухми кирми себ, кӯяи карам, тухми шапараки сафеди карам, шалғам ва дигар ҳашаротҳои зараррасонро сироят мекунад.
Намуди дуюм, ки дар лаборатория парвариш карда мешавад, ин габрабракон мебошад. Дар шароити лабораторӣ габробракон дар кирми кӯяи муми занбӯри асал афзоиш мекунад. Кирми кӯяи занбӯри асал ҳамчун ғизо муми занбӯри асал, шакар ва ширбиринҷро истифода мебарад. Одатан дар як банкаи шишагин 150 кирмҳои калони кӯяи мумии асалро бо як варақи қоғази рахдор, 100 адад габробракони модина ва бо 20 адад бракони нарина мегузоранд. Баъд аз 10-12 рӯз аз дохили кирмҳо 600-700 адад габробракони болиғ мебарояд ва онро ба боғҳо ва кишти сабзавоту дигар зироатҳо паҳн мекунанд. Габробракони болиғро асосан бар зидди ҳашаротҳои зараррасон аз қабили кирми тирамоҳӣ, кирми карам, кӯяи карам, кирми мевахураки себ, кӯяи себ паҳн мекунанд.
          Паҳн кардани габробракон ва трихограмма
        Намуде сеюми ҳашароти фоиданок, ки дар лаборатория парвариш карда мешавад, ин тиллочашмаки муқарарӣ мебошад. Фардҳои болиғ ва кирмина даранда буда, асосан ширинча, тортанаккана, тухм ва кирминаи синни худи шапалакҳо, магасҳо, гамбускҳо, трипсҳо, гангҳо ва дигар ҳашароти зараррасони боғу сабзавотҳоро нобуд мекунад.
Омӯзиши тиллочашмак дар шароити лабораторӣ
Умуман олимони Институти биологии Помир дар солҳои охир дар бораи самаранокии истифодаи усули биологии муҳофизати растаниҳои кишоварзӣ аз ҳашароти зараррасон дар байни аҳолии маҳаллӣ сӯҳбатҳои амалӣ гузаронданд.
Тадқиқот нишон дод, ки ба дарахтоне ки се маротиба халтаҳои трихограммадор овехта шуданд, меваи себ дар маљмӯъ 5-10% аз кирми себ зарар дида, аммо дар дарахтоне, ки трихограмма сар дода нашуданд дар муқоиса меваҳо то 60-65% зарар мебинанд. Дар кишти сабзавот низ ҳашаротҳои фоиданок хуб инкишоф ёфта, карамро аз ширинча, кӯяи растаниҳои оилаи чиликгулон, кирми шапалаки сафеди карам, сафедболаки карам ва дигар намудҳои ҳашароти зараррасон музофизат карда, ҳосили баланди аз ҷиҳати экологӣ тоза гирифта мешавад.
Дар соҳаи кишоварзи ҷорӣ намудани усули биологии муҳофизати растаниҳо чунин бартарӣ дорад:
1. Муҳити зистро аз заҳрнокшавӣ эмин медорад
2. Деҳқонон маъсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро истеҳсол карда ба истеъмолкунандагон дастрас мекунанд.
3. Энтомофагҳое, ки ба боғу кишти сабзавот паҳн карда мешаванд, мунтазам ба шароити муҳит мутобиқ шуда сол аз сол дар шароити табиӣ зиёд мешаванд ва таносуби вайроншудаи байни ҳашароти зараррасон ва фоиданокро дар табиат барқарор мекунанд.
4. Нархи энтомофагҳо нисбат ба препаратҳо хеле арзон аст( агар нархи 1 кг маводи химиявӣ аз 100 то 250 сомонӣ бошад, пас нархи як банка габробракон 30 ва трихограмма 35 сомониро ташкил мекунад).
5. Бояд зикр намуд, ки энтомофагҳо (ҳашаротҳои фоиданок) дар масофаи 20-30 км истифодаи маводҳои химиявиро эҳсос карда, ҳангоми истифодаи онҳо дар боғҳо ва полезҳо боиси нобуд шудани онҳо дар табиат мегардад.