СИЛТОНБЕКОВА ЗАЙНОРА – ходими хурди илмии Институти биологии Помир
 
        Об асоси ҳастии тамоми мавҷудоти олам ба шумор меравад. Он зиндагиро таровату зебоӣ ва сарсабзиву шукуфоӣ мебахшад. Дар ҳар ҷое, ки об вуҷуд дорад, дар он ҷо ободи хушбахтиву хушҳол ҳукмфармост. Об ба сифати неъмати покизакунанда низ маълум аст. Ҳастии гулу гиёҳо, ҳайвонот зиндагии пурбаракати ҳамаи мавҷудот ба об вобастагӣ дорад. Инсонҳо обро барои нӯшидан, пухтани хурокҳои гуногун, бунёди манзилҳо, тозагии сару либос ва обёри замин истифода мебаранд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Бо шарофати ин неъмати бебаҳо мо диёрамонро шодоб ва обод мекунем, боғҳо бунёд менамоем, даштҳои ташналабро ба киштзорҳои ҳосилхез табдил медиҳем, обанборҳову неругоҳои барқӣ месозем. Имрӯз ниёзи ҷомеаи мутамадин ба об афзуда, норасоии он дар бисёрии кишварҳо ба чашм мерасад. Тоҷикистони мо, ки кишвари обҳои фаровону мусаффост таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст.
          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардидаанд. Дар ибтидои асри 21 муҳтарам Эмомали Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне ҳастанд, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Ин аст, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштбонӣ менамоянд.
         Агар масъалаи мушкилоти оби ошомиданиро баррасӣ намоем, аён аст, ки ҳамарӯза қариб ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба он вобастаанд, мефавтанд. Миллонҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд. Пас метавон ишора кард, ки норасоии оби тоза аз ба охир расидани захираҳои нафт ҳам муҳимтар буда, мушкилоти рақами яки инсоният дар асри 21 ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди давлатҳою тамаддунҳо шуда метавонад. Дар ин маврид як нуқта мавриди зикри хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон аст. Яъне Пешвои миллати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд.
          Боиси зикр аст, ки “Соли байналмиллалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилали амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” , солҳои 2018-2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти ин кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ба ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Бар асари гармшавии иқлим суръати обшавии пиряхҳо сол то сол баланд шуда истодааст. 14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуда мувофиқи он соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Дар асоси қатъномаи мазкур, пешниҳодҳои ироашудаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
        Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
        Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
        Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмиллалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
        Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе.
Селу обхезиҳо, хушксолиҳо ва дигар офатҳои табии марбут ба об ҳамасола дар ҷаҳон хисороти зиёди иқтисодию иҷтимоиро ба бор оварда, дар аксари мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба масъалаи об ва захирахои он, истифодаи сарфакоронаю пурсамари ин манбаи ҳаёт таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд.Агар мо инсонҳо обро сарфакорона истифода барем, тозагиву покии онро таъмин созем,ҳаёти хушу обод хоҳем дошт.
Чуноне, ки шоире қайд намуда буд:
Об асту ҳаёт пойдор аст.
Об асту замини кишти кор аст,
Маъсули ҳама ҷаҳони ҳасти,
Аз ҳастии оби файзбор аст.
Оре, об ганҷи бебаҳо ва дар қиёс бо дигар боигариҳои табиат беназир аст. Ин неъмати пурарзишро аз қадим то ба имрӯз васф намудаву бобати поку беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифзу истифодаи он , бузургони давр ба ояндагон маслиҳату насиҳатҳои пурмаъноро ба мерос монданд.
Зи ҷӯйе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.