Таърихи ташкилшавии озмоишгоҳ ва роҳбарони он
Озмоишгоҳ соли 1969 дар асоси озмоишгоҳи физиология ва биохимияи растаниҳои стансияи биологии Помир ва озмоишгоҳи биологияи радиатсионии базаи такягоҳии Помири Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Озмоишгоҳро аз соли 1969 аввал н.и.б., С.М. Махмадбеков ва баъдтар аз соли 1972 то соли 1977 н.и.б., Д.Т. Толибеков роҳбари карданд. Аз соли 1972 то соли 2012 мудирияти озмоишгоҳро д.и.б., академики АИ ҶТ О.А. Акназаров ба уҳда дошт. Аз соли 2012 то соли 2016 озмоишгоҳро н.и.б. К. Одилбеков ва соли 2016 то 2018 н.и.б., Г.С. Худжаназарова роҳбари каданд. Дар замони ҳозира бошад мудири озмоишгоҳ н.и.б., А.Б. Сафаралихонов мебошад.
Мудири озмоишгоҳи экологияи таҷрибавии
растаниҳо, н.и.б. Сафаралихонов А.
Қитъаҳои таҷрибавӣ ва пунктҳои такягоҳии озмоишгоҳ
Озмоишгоҳ дар баландиҳои гуногун қитъаҳои таҷрибавиро ташкил карда аст:
- дар баландии 2320 м аз сатҳ баҳр дар ҳудуди боғи набототи Помир, Помири Ғарбӣ;
- дар баландии 3600 м аз сатҳ баҳр дар ҳудуди стансияи агроэкологии Ҷелондеҳ, Помири Ғарбӣ;
- дар баландии 3860 м аз сатҳ баҳр дар ҳудуди стансияи биологии Чечекдеҳ, Помири Шарқӣ
- Стансияи агроэкологии Ҷелондеҳ базаи илмӣ-тадқиқотии озмоишгоҳ ба шумор меравад. Фаъолияти кории стансияро н.и.б. А. Сафаралихонов ва ходими илмии озмоишгоҳ Ф. Муродмамадов роҳбари мекунанд.Фаъолияти асосии стансия аз тайёр намудани тавсияномаҳо оиди истифодабарии гармии обҳои геотермалӣ барои талаботи соҳаи хоҷагии халк ва тиб иборат аст. Натиҷаи тадқиқотҳо дар ҳаҷми ду китоб ва маҷаллаҳои илмии кормандони озмоишгоҳ нашр шудаанд.
Самти илмӣ-тадқиқотии озмоишгоҳ
Дар замони ҳозира дар озмоишгоҳ як академик, ду номзади илм, шаш нафар ходимони илмӣ, ду унвонҷу ва чор корманди техники кор карда истодаанд.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар озмоишгоҳ дар самти физиология ва биохимияи растаниҳо ва экология рафта истодаанд. Вобаста ба ин озмоишгоҳ ба омӯзиши асосҳои физиологӣ-биохимиявии устуворияти растаниҳо нисбати таъсири омилҳои номусоиди экологӣ ва механизмҳои мутобиқшавии онҳо ба таъсири шароити номатлуби баландкӯҳҳо машғул буда, барои муайян кардани нақши нурҳои ултрабунафш ва ҳарорат дар ташшакулёбии ҳосилнокии растаниҳои баландкӯҳ корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш бурда истодааст. Ғайр аз ин озмоишгоҳ ба омӯзиш ва коркарди технологияи парвариши растаниҳои полезӣ, гулдор ва ороишӣ дар гармхонаҳое, ки дар асоси гармии обҳои геотермалии Помир кор мекунанд фаъолияти худро пеш бурда истодааст.
Мавзӯъи илмӣ-тадқиқотии озмоишгоҳ
Озмоишгоҳ корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар мавзуъи «Таъсири таркиби спектралии рушноӣ ба нишондодҳои физиологӣ-биохимиявии растаниҳои баландкӯҳ вобаста аз тағирёбии иқлим» кор карда истодааст.
Мақсади асосии тадқиқот ин ба даст овардани маълумоти илмӣ оиди таъсири таркиби спетралии рушноӣ ва тағирёбии иқлим ба растаниҳои кишоварзӣ ва худрӯй, муайян кардани нақши омилҳои алоҳидаи экологӣ, ки ба расиш ва ҳосилнокии растаниҳое, ки дар баландиҳои гуногуни Помир нашъунамо мекунанд таъсир мерасонанд.
Барои ноил гаштан ба мақсади асосӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯи қисмҳои зерин ба роҳ монда шуда истодаанд:
Қисми 1. Омӯзиши динамикаи расиши қисмҳои рӯизаминии растаниҳо дар баландиҳои гуногун, вобаста аз реҷаи гармӣ ва намии ҳавою хок ва шиддатнокии нури рушноӣ;
Қисми 2. Муайян кардани таъсири шиддатнокии рушноӣ ва тағироти иқлим ба таркиб ва таносуби шаклҳои алоҳидаи ангиштобҳо дар барги растаниҳое, ки дар баландиҳои гуногун мерӯянд;
Қисми 3. Омӯзиши таъсири шидданокии рушноӣ ва гармӣ ба миқдори пигментҳои сабз вобаста аз дараҷаи номусоидии омилҳои экологӣ;
Қисми 4. Муайян кардани динамикаи фаъолнокии танзимгарон ва боздорандаҳои эндогении расиш дар барги растаниҳо, ки дар шароитҳои гуногуни иқлим кишт карда шудаанд;
Қисми 5. Омӯзиши таъсири нурҳои гуногунмавҷи офтоб ва тағироти иқлим ба сохти анатомии барги растаниҳои кишоварзӣ ва намудҳои растаниҳои маҳаллие, ки дар шароити экосистема мерӯянд.
Натиҷаҳои асосии илм
Дар аоси корҳои илмӣ-тадқиқотӣ маълумоти нави илмӣ оиди таъсири маҷмӯи омилҳои номусоиди экологии баландкӯҳҳо ба расиш, морфогенез, ҷараёнҳои физиологӣ-биохимиявӣ ва анатомии растниҳо ба даст оварда шуддааст:
- хусусияти фаъолнокии эндогении фитоҳормонҳо дар барги растаниҳои кишоварзӣ ва худруй вобаста аз баландии маҳали нашъунамои онҳо ва дараҷаи номусоидии омилҳои экологӣ муаяйн карда шудааст;
- нишон дода шудаст, ки дар баландиҳои беш аз 3000 м аз сатҳ баҳр расиши растаниҳо нисбатан боздошта шуда, дар баробари ин фаъолнокии боздорандаҳои расиш ба монанди туршии абссизӣ дар баргашон зиёд мешавад;
- муайян карда шудаст, ки дар шароити баландкуҳҳо фаъолнокии чунин танзимгарони расиш ба монанди туршии индолил-сиркоӣ, гиббереллинҳо дар барги растаниҳои кишоварзӣ ва худруй боз дошта мешавад, ки он бо дараҷаи номусоидии шароити муҳити атроф зич алоқаманд аст;
- нишон дода шудаст, ки пеш аз кишт нурборонкунии тухмии растаниҳои гандум, ҷав ва боқило бо нурҳои ултрабунафши дарозии мавҷашон гуногун ба тағирёбии мувозинат байни танзимгарон ва боздорандаҳои расиш дар барги растаниҳои номбурда оварда расонд, ки ин дар навбати худ расиш, ҳосилнокӣ ва морфогенези растаниҳоро тағир дод;
- тадқиқотҳо нишон доданд, ки бо баландшавии маҳали нашъунамои растании ҷав аз сатҳ баҳр ва дар натиҷаи пеш аз кишт нурборонкунии тухмии растании номбурда бо нурҳои кутоммавҷи ултрабунафш дар муддати 60 дақиқа таркиби пайвастагиҳои фенолӣ дар баргашон зиёд шуда, расиши растанӣ, масоҳати ва миқдори баргҳо, дарозии хушаҳо боз дошта шуд;
- муайян карда шудаст, ки зиёдшавии фаъолнокии пайвастагиҳои фенолӣ, туршии абсизӣ ва дигар боздорандаҳои расиш дар барги растаниҳо дар шароити номусоиди омилҳои экологии баландкуҳҳо бо ташшакулёбии механизмҳои адаптатсионии растаниҳо, яъне ҳамчун реаксияи ҷавобии онҳо ба таъсири шароити номатлуби муҳит зич алоқаманд аст;
- нишон дода шудаст, ки дар барги намудҳои растаниҳои дарахтиву буттагӣ, дар шароити норасоии об шиддатнокии трансипиратсия кам шуда фаъолнокии эндогении туршии абссизӣ зиёд мешавад, ки ин аз нақши муҳими туршии абссизӣ дар пушидашавии масомаҳо дар шароити норасоии об шаҳодат медиҳад;
- муайян карда шудааст, ки дар зери таъсири нурҳои кутоҳмавҷи ултрабунафш (254 нм) сохти анатомии барг тағир меёбад. Яъне ғафсии мезофили барг аз ҳисоби тунукшавии қабатҳои он кам мешавад. Ғайр аз ин миқдори масомаҳои ҳам дар ҳар ду тарафи барг нисбатан кам мешавад.
Рисолаҳои илмие, ки аз тарафи кормандони илмии озмоишгоҳ ҳимоя карда шудаанд
Рисолаҳои номзадӣ:
- Мамадризохонов А.М. Действие УФ радиации солнца на рост, развитие и транспирацию листьев ячменя в условия Западного Памира. Душанбе, 1973.
- Гулмамадов Г. Действие естественной УФ радиации на активность эндогенных регуляторов роста у растений ячменя на Памире в связи с ростовыми процессами. Душанбе, 1975.
- Акназаров О.А. Активность эндогенных регуляторов роста у растений высокогорий Памира. Душанбе, 1976.
- Миргаесиев М. Азотный обмен у растений высокогорий Памира. Тбилиси, 1985.
- Шомансуров С. Влияние УФ радиации на рост листьев фасоли и динамика в них природных регуляторов роста. Москва, 1983.
- Одилбеков К. Фоторегуляция роста растений салата и горчицы в условиях высокогорий Памира. Душанбе, 1989.
- Худжаназарова Г.С. Действие УФ радиации на ростовые процессы и анатомический строение листьев растений. Душанбе, 2003.
- Сафаралихонов А.Б. Действие экологических факторов высокогорья и ультрафиолетового облучения семян на рост, транспирацию и активность эндогенных регуляторов роста растений, Душанбе, 2018.
Рисолаҳои докторӣ:
- Акназаров О.А. Действие УФ радиации на рост, морфогенез и уровень гормонов высокогорных растений. Душанбе, 1991.
- Шомансуров С. Реакция растений на УФ свет и другие экологические факторы высокогорий Памира. Москва, 1995.
Корҳои илмии кормандони озмоишгоҳ
- Сборник. Проблемы биологии и сельского хозяйство Памира, Душанбе «Дониш», 1975.
- Коллектив авторов. Действие световых факторов высокогорий Памира на жизнедеятельность растений. Душанбе, «Дониш», 1985.
- Акназаров О.А., Шомансуров С. Киргизбеков В. Овощеводство на термальных водах Памира. Душанбе, «Дониш» 1995.
- Шомансуров С, Аекназаров О.А. Геотермальные воды Памира и вопросы комплексного их использования. Душанбе, 1999.
- Акназаров О.А., Шомансуров С. Киргизбеков В., Одилбеков К. Рекомендация по комплексному использованию тепла геотермальных вод Памира, Хорог, 1999.
- Акназаров О.А. Созишномаи Созмони Миллали муттаҳид оиди мубориза бар зидди биёбоншави: пурсишҳо ва посухҳо, Душанбе, 1999.
- Акназаров О.А. Памир от субтропиков до подножя ледников, Душанбе, 2000.
- Сборник. Биологические ресурсы Памира, Душанбе, «Дониш», 2002.
- Акназаров О.А., Худжаназарова Г.С. Дейстиве УФ-радиации на ростовые процессы и анатомию листа растений. Душанбе, 2004.
- Шомансуров С., Акназаров О.А. Экологические условия Памира и жизнедеятельность растений. Душанбе, «Дониш», 2005.
Мақолаҳои илмии нашршудаи кормандони озмоишгоҳ дар солҳои охир
- К.Одилбеков. О.А.Акназаров. Влияние предпосевной обработки семян разной длины волн на активность комплекса фитогормонов в листьях конских бобов. Доклады Академии наук Республики Таджикистан. 2013. Т. 56. № 10. с. 827-831.
- Safaralikhonov, O.Aknazarov. The dynamics of endogenous hormone activity in plant leaves depending on the altitude of their growing. Social and natural sciences journal, volume 10, issue 2, pp. 9-14, 2016. Publisher: Central Bohemia University, Prague, Czech Republic. www.journals.cz/Social and Natural sciences journal/ current/.
- Ф.Н.Худоербеков, А.Б.Сафаралихонов, О.А.Акназаров. Динамика роста и интенсивность транспирации у растений, выращенных на разных высотах Западного Памира. Известия Академии Наук Республики Таджикистан. Отделение Биологических и Медицинских Наук. 2016, № 3 (194). – с. 41-46.
- А.Б,Сафаралихонов. Динамика дневного и сезонного хода интенсивности транспирации листьев растений пшеницы при предпосевном УФ-облучении семян. Субтропическое и декоративное садоводство. 2017, № 60. – с. 123-130. www.elibrary.ru
- А.Б.Сафаралихонов, З.Д. Мавлододова, О.А.Акназаров. Динамика роста и активности эндогенных регуляторов роста в листьях растений в зависимости от условия их влагообеспеченноси. Известия Ошского Технологического Университета. 2017, № 2.- с. 97-101.
- А.Б.Сафаралихонов, О.А.Акназаров. Активность эндогенных фитогормонов в листьях растений. Известия Ошского Технологического Университета. 2017, № 2.- с. 101-106.
- А.Б.Сафаралихонов, А.Рустамбекова, М.О.Наврузбеков, У. Саидхасанова, О.А.Акназаров. Действие УФ-облучение на всхожесть семян и активность эндогенных ингибиторов и стимуляторов роста у проростков конских бобов. Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение Биологических и Медицинских наук. 2018, № 1 (200). – с. 32-37.
- К. Одилбеков, А.Султонназаров, М.О.Наврузбеков, О.А.Акназаров Дневная и сезонная динамика интенсивности транспирации листьев растений шалфея лекарственного и душицы мелкоцветковой в условиях западного Памира. «Доклады Академии наук Республики Таджикистан»2018, Том 61, № 6 – с. 594-597.
- З.Д.Мавлододова, Ф.Н.Худоёрбеков, А.Мехробшоева, А.Б. Сафаралихонов, Г.С. Худжаназарова, О.А.Акназаров. Влияние условий влагообеспеченности на интенсивность транспирации и активность эндогенной АБК в листьях растений абрикоса. Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение Биологических и Медицинских наук. 2018, № 3 (202). – с. 41-46.
Фаъолияти хоҷагидории озмоишгоҳ
Ҳамасола лабораторияи экологияи таҷрибавии растаниҳо аз ҳисоби гармхонаҳо барои аҳоли ва хоҷагиҳои деҳқонии ВМКБ тухмӣ, кучатҳо ва ниҳолии зиёда аз 20 намуди растаниҳои гулдори яксола ва бисёрсола ба фуруш мебарорад. Ғайр аз ин аз ҳисоби гармхонаҳои геотермалии пойгоҳи тадқиқотӣ-агроэкологии Ҷелондеҳ дар мавсимҳои зимистон ва баҳор растаниҳои полезӣ ба монанди помидор ва бодиринг парвариш карда шуда ба фуруш бароварда мешавад.