Қ. АБДУЛАМОНОВ - Мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои ИБП АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ

         Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси СММ дар таърихи 25.09.2023 обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки мо бояд ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем. Воқеан ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон ҳамовозии амиқи худро дар байни мамлакатҳои сайёра пайдо кард, ки он бевосита аз тарафи Президенти кишвар Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон кардани даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028  мебошад, соли 2025-ро ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо эълон карданд. Тоҷикистон, ки 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказиро дар бар мегирад, дар раванди тағйирёбии иқлим, таи солҳои охир қариб 1000 пиряхҳои хурду бузург таназъул ёфтанд ва ин раванд бо суръат идома ёфта истодааст. Мамлакати мо аз ҷиҳати масоҳат 93% кӯҳсор буда пиряхҳо манбаи оби ошомиданӣ маҳсуб меёбанд.    

        Гармшавии босуръати иқлими глобалии сайёра аз як тараф обшавии пиряхҳоро метезонад, аз тарафи дигар баланд шудани сатҳи оби баҳр ва зери об мондани инфрасохтори кишварҳои алоҳида, шусташавии заминҳо, бе об мондани заминҳои кишт ва хушксолиҳо боиси нигаронии сокинони сайёра шудааст. Лозим ба зикри хос аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ ба шумор рафта 99 %-и тавлидоти нерӯи барқ дар неругоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад ва аз ҷиҳати тавлидоти нерӯи сабз дар дунё дар зинаи 6-ум қарор дорад. Кишвари мо аз ҷиҳати партофти газҳои гулхонаи ба атмосфера низ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад, вале таъсироти оқибатҳои иқлим ба кишвари мо низ бе таъсир нест.

        Президенти кишвар дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ қайд карданд, ки “кишвари мо қариб 5%-и захираҳои обӣро истифода мекунад ва дар кишвар манбаи обҳои ошомиданӣ аз қабили кули Сарез вуҷуд дорад, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро бо оби ошомидании босифат то абад басанда мебошад ва ингуна кулҳо бағайри пиряхҳо дар кишвар садҳо мавҷуд аст”.

        Воқеан кишвари мо аз ҷиҳати дастрасии оби ошомиданӣ ба аҳоли ва обиёрии заминҳо танқисӣ намекашанд, Ҷаноби олӣ бори дигар ба сокинони сайёра ҳушдор дод, ки дар масоили дуруст ва самаранок истифодабарии оби босифати ошомиданӣ бетараф набошанд. Изҳори итминон карда шуд, ки имрӯз кишварҳо аз уҳдадориҳои гирифта ҷиҳати суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об илҳоми тоза гирифтанд ва якҷоя метавонанд ба ин мақсадҳои наҷиб ноил гарданд.

СИЛТОНБЕКОВА ЗАЙНОРА – ходими хурди илмии Институти биологии Помир
 
        Об асоси ҳастии тамоми мавҷудоти олам ба шумор меравад. Он зиндагиро таровату зебоӣ ва сарсабзиву шукуфоӣ мебахшад. Дар ҳар ҷое, ки об вуҷуд дорад, дар он ҷо ободи хушбахтиву хушҳол ҳукмфармост. Об ба сифати неъмати покизакунанда низ маълум аст. Ҳастии гулу гиёҳо, ҳайвонот зиндагии пурбаракати ҳамаи мавҷудот ба об вобастагӣ дорад. Инсонҳо обро барои нӯшидан, пухтани хурокҳои гуногун, бунёди манзилҳо, тозагии сару либос ва обёри замин истифода мебаранд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Бо шарофати ин неъмати бебаҳо мо диёрамонро шодоб ва обод мекунем, боғҳо бунёд менамоем, даштҳои ташналабро ба киштзорҳои ҳосилхез табдил медиҳем, обанборҳову неругоҳои барқӣ месозем. Имрӯз ниёзи ҷомеаи мутамадин ба об афзуда, норасоии он дар бисёрии кишварҳо ба чашм мерасад. Тоҷикистони мо, ки кишвари обҳои фаровону мусаффост таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст.
          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардидаанд. Дар ибтидои асри 21 муҳтарам Эмомали Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне ҳастанд, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Ин аст, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштбонӣ менамоянд.
         Агар масъалаи мушкилоти оби ошомиданиро баррасӣ намоем, аён аст, ки ҳамарӯза қариб ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба он вобастаанд, мефавтанд. Миллонҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд. Пас метавон ишора кард, ки норасоии оби тоза аз ба охир расидани захираҳои нафт ҳам муҳимтар буда, мушкилоти рақами яки инсоният дар асри 21 ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди давлатҳою тамаддунҳо шуда метавонад. Дар ин маврид як нуқта мавриди зикри хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон аст. Яъне Пешвои миллати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд.
          Боиси зикр аст, ки “Соли байналмиллалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилали амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” , солҳои 2018-2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти ин кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ба ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Бар асари гармшавии иқлим суръати обшавии пиряхҳо сол то сол баланд шуда истодааст. 14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуда мувофиқи он соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Дар асоси қатъномаи мазкур, пешниҳодҳои ироашудаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
        Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
        Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
        Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмиллалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
        Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе.
Селу обхезиҳо, хушксолиҳо ва дигар офатҳои табии марбут ба об ҳамасола дар ҷаҳон хисороти зиёди иқтисодию иҷтимоиро ба бор оварда, дар аксари мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба масъалаи об ва захирахои он, истифодаи сарфакоронаю пурсамари ин манбаи ҳаёт таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд.Агар мо инсонҳо обро сарфакорона истифода барем, тозагиву покии онро таъмин созем,ҳаёти хушу обод хоҳем дошт.
Чуноне, ки шоире қайд намуда буд:
Об асту ҳаёт пойдор аст.
Об асту замини кишти кор аст,
Маъсули ҳама ҷаҳони ҳасти,
Аз ҳастии оби файзбор аст.
Оре, об ганҷи бебаҳо ва дар қиёс бо дигар боигариҳои табиат беназир аст. Ин неъмати пурарзишро аз қадим то ба имрӯз васф намудаву бобати поку беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифзу истифодаи он , бузургони давр ба ояндагон маслиҳату насиҳатҳои пурмаъноро ба мерос монданд.
Зи ҷӯйе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
КАРАМХУДОЕВА М.Н. - ХОДИМИ ПЕШБАРИ ИЛМИИ ШӮЪБАИ ГУНОГУННАМУДИИ РАСТАНИҲО ВА ҲАЙВОНОТ, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗӢ
 
         Ҳашаротҳои зараррасони растаниҳои хоҷагии қишлоқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (боғҳои мевадиҳанда, ҷангалзорҳо, зироатҳои ғалладона, сабзавоту картошка, растаниҳои шифобахш) зиёда аз 200 намудро ташкил мекунанд, ки дар байни онҳо аз ҳашароти маканда ширинчаи ноку амруд, себу зардолу, шафтолу, карам, сабзӣ, кадугиҳо, лаблабу, сафедболаки чиликгулон, аз ҳашароти хоянда кирми себ, кӯяи себ, кирми зарриндунболаки туркистонӣ, гамбусаки почакғафси зардолу, шапалакҳои сафеди караму шалғам, кӯяи карам, шапалаки бумчашми карам, кирми тирамоҳӣ, бумчашми хитобшакл, сиёҳ, кирми ѓӯза мунтазам зарар мерасонанд.
То солҳои 90-уми асри гузашта тақрибан тамоми боғҳо, растаниҳои дарахтиву буттагӣ дар давоми сол қисман бо заҳрҳои химиявӣ коркард мешуданд. Дар чунин шароит кирмаки ҳашароти зараррасон мунтазам ба заҳрҳои химиявӣ одат ва устуворӣ пайдо карданд. Ин ҳолат истифода намудани заҳрхимикатҳои таъсирашон бузург ва дорупошии миқдоран зиёдтарро тақозо намуд ва ба устувории намудҳои зараррасон мусоидат карда, тақрибан ба нестшавии намудҳои ҳашароти фоиданок оварда расонид.
        Дар айни замон миқдори ками ҳашароти фоиданок ( магаси тахин, магаси малла (журчалка), гамбусакҳои даранда (момохолакҳо), тиллочашмак, трихограмма, габробракон ва дигар намудҳо) ба кам кардани миқдори ҳашароти зараррасон мусоидат карда наметавонад. Аз ин рӯ дар ҳифзи зироатҳо ва боғҳо аз ҳашароти зараррасон усулҳои омехта: агротехникӣ, биологию микробиологӣ, инчунин химиявӣ истифода бурда мешавад, ки боиси заҳролудшавии муҳити зист ва нест кардани ҳашаротҳои фоиданок мегардад. Бинобар ин дар солҳои охир олимон ба истифода бурдани усулҳои муборизаи биологӣ бар зидди ҳашароти зараррасон бештар диққат медиҳанд.
Маълум аст, ки дар натиҷаи истифодаи дарозмуддати заҳрдоруҳо мидори онҳо дар таркиби хоку обу ҳаво, умуман биосфера хеле зиёд шуд ва ин дар навбати худ ба зиёдшавии касалиҳои хавфноки инсон ва ҳайвонот оварда расонид. Дар чунин ҳолат, олимон бештар ба тадқиқотҳои усули бехатарии муҳофизати растаниҳо - усули биологии муҳофизати растаниҳо аз ҳашароти зараррасон машғул шуда, дар муддати кӯтоҳ ба муваффақияти калон ноил гардиданд.
Зарурати ҷорӣ намудани усулҳои биологии муҳофизати растаниҳои кишоварзии вилоятро ба инобат гирифта, дар Институти биологии Помири АМИТ биолаборатория ташкил карда шуд. Дар он се намуди ҳашароти фоиданок дар таҷҳизотҳои махсуси замонавӣ афзун карда шуда ба боғҳо, кишти сабзавот ва майдони зироатҳои дигар паҳн карда мешаванд. Ин усул дар тӯли фаъолияти Институт бори аввал амалӣ карда мешавад.
Яке аз ҳашароти фоиданоке, ки дар лаборатория афзун карда мешавад ин трихограмма мебошад. Ин намуд тухми худро дар дохили тухми кирми тирамоҳӣ, кирми шапалаки сафеди карам, кирми кураки пахта, кирми шалғам, кирми ҷуворимакка, кирми мевахураки себ, кӯяи себ, кӯяи карам, кӯяи ғалладона ва ѓ., гузошта муфтхурӣ мекунад.
          Дар шароити биолаборатория кӯяи ғалладона, одатан бо тухми ҷав дар ҳарорати 25-30 дараља гармӣ ва 65-70% намноки афзун карда мешавад. Дар чунин шароит инкишофи як насли пурра дар муддати 30 шабонарӯз ба охир мерасад. Одатан аз як сентнери ғалладона то як миллион шапалаки болиғро гирифтан мумкин аст. Тухми ситотрогаро бо трихограмма сироят мекунанд. Дар натиҷа аз як грамм тухми ситоторога баъд аз 5-8 шабонарӯз 60 -70 000 трихограммаи болиғ баромада парвоз мекунад.
         Тухми бо трихограмма сирояткардаро бо коҳи гандумпоя омехта карда, дар вақти ғӯрабандӣ, дар халтачаи селофании даҳонаш кушода ба дарахти себ овезон ва ё дар кишти сабзавот мегузоранд. Аз он ҷо трихограммаи болиғ баромада тухми кирми себ, кӯяи карам, тухми шапараки сафеди карам, шалғам ва дигар ҳашаротҳои зараррасонро сироят мекунад.
Намуди дуюм, ки дар лаборатория парвариш карда мешавад, ин габрабракон мебошад. Дар шароити лабораторӣ габробракон дар кирми кӯяи муми занбӯри асал афзоиш мекунад. Кирми кӯяи занбӯри асал ҳамчун ғизо муми занбӯри асал, шакар ва ширбиринҷро истифода мебарад. Одатан дар як банкаи шишагин 150 кирмҳои калони кӯяи мумии асалро бо як варақи қоғази рахдор, 100 адад габробракони модина ва бо 20 адад бракони нарина мегузоранд. Баъд аз 10-12 рӯз аз дохили кирмҳо 600-700 адад габробракони болиғ мебарояд ва онро ба боғҳо ва кишти сабзавоту дигар зироатҳо паҳн мекунанд. Габробракони болиғро асосан бар зидди ҳашаротҳои зараррасон аз қабили кирми тирамоҳӣ, кирми карам, кӯяи карам, кирми мевахураки себ, кӯяи себ паҳн мекунанд.
          Паҳн кардани габробракон ва трихограмма
        Намуде сеюми ҳашароти фоиданок, ки дар лаборатория парвариш карда мешавад, ин тиллочашмаки муқарарӣ мебошад. Фардҳои болиғ ва кирмина даранда буда, асосан ширинча, тортанаккана, тухм ва кирминаи синни худи шапалакҳо, магасҳо, гамбускҳо, трипсҳо, гангҳо ва дигар ҳашароти зараррасони боғу сабзавотҳоро нобуд мекунад.
Омӯзиши тиллочашмак дар шароити лабораторӣ
Умуман олимони Институти биологии Помир дар солҳои охир дар бораи самаранокии истифодаи усули биологии муҳофизати растаниҳои кишоварзӣ аз ҳашароти зараррасон дар байни аҳолии маҳаллӣ сӯҳбатҳои амалӣ гузаронданд.
Тадқиқот нишон дод, ки ба дарахтоне ки се маротиба халтаҳои трихограммадор овехта шуданд, меваи себ дар маљмӯъ 5-10% аз кирми себ зарар дида, аммо дар дарахтоне, ки трихограмма сар дода нашуданд дар муқоиса меваҳо то 60-65% зарар мебинанд. Дар кишти сабзавот низ ҳашаротҳои фоиданок хуб инкишоф ёфта, карамро аз ширинча, кӯяи растаниҳои оилаи чиликгулон, кирми шапалаки сафеди карам, сафедболаки карам ва дигар намудҳои ҳашароти зараррасон музофизат карда, ҳосили баланди аз ҷиҳати экологӣ тоза гирифта мешавад.
Дар соҳаи кишоварзи ҷорӣ намудани усули биологии муҳофизати растаниҳо чунин бартарӣ дорад:
1. Муҳити зистро аз заҳрнокшавӣ эмин медорад
2. Деҳқонон маъсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро истеҳсол карда ба истеъмолкунандагон дастрас мекунанд.
3. Энтомофагҳое, ки ба боғу кишти сабзавот паҳн карда мешаванд, мунтазам ба шароити муҳит мутобиқ шуда сол аз сол дар шароити табиӣ зиёд мешаванд ва таносуби вайроншудаи байни ҳашароти зараррасон ва фоиданокро дар табиат барқарор мекунанд.
4. Нархи энтомофагҳо нисбат ба препаратҳо хеле арзон аст( агар нархи 1 кг маводи химиявӣ аз 100 то 250 сомонӣ бошад, пас нархи як банка габробракон 30 ва трихограмма 35 сомониро ташкил мекунад).
5. Бояд зикр намуд, ки энтомофагҳо (ҳашаротҳои фоиданок) дар масофаи 20-30 км истифодаи маводҳои химиявиро эҳсос карда, ҳангоми истифодаи онҳо дар боғҳо ва полезҳо боиси нобуд шудани онҳо дар табиат мегардад.
                                                        ИСРОРОВА ҚУТБИЯ – ходими илмии Институти биологии Помир ба номи академик Х.Юсуфбекови АМИТ
 
     Кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ду даҳсолаи охир ба масъалаҳои оқилона истифодабарии захираҳои оби тоза ва тағйирёбии глобалии иқлим таваҷҷуҳи хос зоҳир карда истодаанд. Ба сатҳи ҷаҳони баровардани ҳалли масълаҳои экологӣ аз ташаббусҳои ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон манша мегирад. Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерландия низ ба ҳамин масъала бахшида шуда буд.
     Аввалин конфронсияи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об соли 1977 дар Аргентина баргузор шудааст. Мувофиқи маълумотҳои гуногуни оморӣ дар сайёраи Замин тақрибан 2 млиард нафар аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Дар баробари ин 80% оби корхонаҳои гуногуни саноатӣ бе коркард ва безараргардонӣ ба муҳити атроф партофта мешаванд, ки ин дар навбати худ экосистемаҳои гуногуни табииро заҳролуд мекунад.
Инчунин дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим офатҳои табиӣ махсусан хушксолӣ низ сол аз сол зиёд мушоҳида мешавад. Масъалаҳои дастрасӣ ба оби тозаи нушокӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим проблемаи як ё ду давлат намуда дар ҳали онҳо бояд ҳамаи давлатҳои узви СММ, ташкилотҳои байналмиллалӣ саҳми худро гузоранд.
       Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳали масълаҳои номбаршуда дар сатҳ ҷаҳонӣ ниҳоят калон буда Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми кишвари моро дар масъалаи об якдилона бо кабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд. Тибқи ин қатнома, соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шуд ва минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” таҷлил карда мешавад.

Пирях - тӯдаи яхҳои табии рӯйи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад.

      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳо асосан дар баландкӯҳҳои Помир ва кӯҳистони Ҳисор воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000- то 5300 метр аз сатҳ баҳр ҷой гирифтаанд. Захираи обии пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб обро ташкил дода, дар як сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об ҷорӣ мешавад.

      Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Аму, Сир, Панҷ, Зарафшон,  ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях дар бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд:

  • Муғсу— 1004 адад пирях,
  • Бартанг— 269 адад пирях,
  • Қизилсу— 280 адад пирях,
  • Ғунд— 1349 адад пирях,
  • Мурғоб— 879 адад пирях,
  • Зарафшон— 1227 адад пирях
  • дар ҳавзаи дарёи Хингов— 756 адад пирях мавҷуданд.

       Яке аз проблемаҳои асосии ҷаҳони имрӯза дар шароити тағйирёбии иқлим ин босуръат об шудани пиряхҳо дар минтақаҳои Арктика, Антарктида, Гренландия ва камшавии масоҳати пиряхҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти мутахасисони соҳа то имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст. Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%-ро ташкил медиҳад.

       Бо мақсади бартараф намудани чунин проблемаҳо рузӣ 22 март  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ карданд. Сарвари давлат иброз намуд, ки танҳо дар 50 соли охир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Тибқи хулосаҳои коршиносон, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Возеҳ аст, ки идомаи ин раванд, бо дарназардошти босуръат зиёд шудани талабот ба истифодаи об дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод, метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад. Аллакай, дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаи таъмини оби тоза ба сари ҳар нафар аҳолӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ 2,5 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад, чор баробар коҳиш ёфтааст. Илова ба ин, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнус гардида, ба ҳаёт ва некуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиравӣ, таҳдид менамояд. Итминони комил дорам, ки талошҳои якҷояи мо дар ин самт самараи дилхоҳ хоҳанд дод ва мо соли 2025 дар Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар ҳаллу фасли ин масъалаи муҳим метавонем таҳаввулоти ҷиддиро амалӣ намоем.  

       Мо олимони ҷавони соҳаи экологияи Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков аз суханронии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон илҳом гирифта, тамоми донишу малакаи худро баҳри он равона месозем, ки то андозае ҳам бошад дар пайгирӣ ва амалӣ намудани  ин иқдом саҳмгузор бошем.